Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марде баъди 18 рӯзи нопадидшавӣ дар Чукотка зинда пайдо шуд


Сардиҳои Чукотка ин шабурӯз то -30 дараҷа мерасад
Сардиҳои Чукотка ин шабурӯз то -30 дараҷа мерасад

Гурӯҳи наҷот дар Русия мардеро пайдо кард, ки 18 рӯзи пеш дар ҷангалҳои пурбарфи минтақаи Чукотка нопадид шуда буд. Интерфакс мегӯяд, марди 27-сола оҳупарвар аст ва дар фосилаи 200 км дуртар аз макони зисташ пайдо шуд. Мақомоти маъмурияти Эгвекинот, ки дар Шарқи Дури Русия воқеъ аст, гуфтанд, ки ин мард дар як кулбаи бекасе пайдо шуд. Ӯ 16 рӯз гуруснагӣ кашида, бо ҳар маводе, ки пайдо кардааст, оташ карда худро гарм кардааст. Ҳоло, ба гуфтаи ин мақоми Чукотка, сардиҳо дар ин қаламрав ба -30 дараҷаи Селсия мерасад. “Ҳоло ин мард каме ғизо хӯрда, зери назари табибони деҳ аст. Ӯро ба хонааш интиқол медиҳанд. Ӯ зан ва ду фарзанд дорад”, гуфт намояндаи мақомот.

Оҳупарвар, ки номаш бурда намешавад, декабри соли 2019 аз хонааш ба сӯи деҳаи Риркайпий раҳсипор шуда дар паи бӯрон роҳашро гум кард ва баъди муроҷиати наздиконаш гурӯҳи наҷот бо истифода аз чархбол ба ҷустуҷӯи ӯ сафарбар шудааст.

XS
SM
MD
LG