Рӯзи 8 январ дар Истамбул қарор аст президентони Русия ва Туркия Владимир Путин Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар расми ифтитоҳи лӯлаи гази TurkStream иштирок кунанд. TurkStream дар давоми панҷ сол бо арзиши 8 миллиард доллар бунёд шуда, тавони соле интиқол додани 31,5 миллиард метри мукааб гази Русия ба вилоятҳои ғарбии Туркияро дорад. Нисфи ҳаҷми ин газ баъдан ба кишварҳои Балкан ва Аврупои Марказӣ, аз ҷумла Булғористон, Сербия ва Венгрия ирсол мешавад. Ҳадафи дарозмуддати TurkStream ин аст, ки транзити газ ба Украина кам ва ё қатъ карда шавад ва ин тарҳ ҳамчун гузина ё алтернативаи Nord Stream 1 ва Nord Stream 2 арзёбӣ хоҳад шуд. Ҳарду тарҳ ҳам аз роҳҳои зеризаминӣ бо Олмон пайваст мешаванд, вале анҷоми корҳои сохтмонии тарҳи Nord Stream 2 дар паи таҳримҳои ИМА боздошта шуд. Русия, ки соли гузашта ба Аврупо 200 миллиард метри мукааб газ интиқол додааст, газро ба Балкан ва Туркия тавассути хоки Украина, Молдова ва Руминия интиқол додааст. Ҳамин газ акнун тавассути TurkStream аз фосилаи 930 км роҳ дар бистари Баҳри Сиёҳ интиқол меёбад.