Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбониҳои сӯхтори Раменское шаҳрвандони Ветнам мебошанд


Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, ки таҳқиқи муқаддамотии ҳодисаи сӯхтори субҳи 7 январ дар ноҳияи Раменское нишон дод, ки ҳамаи қурбониҳои ин сӯхтор шаҳрвандони Ветнам мебошанд. Қаблан бархе матбуоти русӣ навиштанд, ки ҳамаи кушташудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Як корманди масъули сафорати Тоҷикистон, ки дар ҳайате аз макони ҳодиса дар деҳаи Нестеровои ноҳияи Раменское дар вилояти Маскав дидан кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳодисаи субҳи сешанбе муҳоҷирони корӣ аз кишвари Ветнам кушта шуданд. Аз ҷумла, Владимир Чуп, нозири полиси маҳаллӣ ба дипломатҳои тоҷик дар ҷои ҳодиса гуфтааст, ки тамоми кушташудаҳо аз Ветнам буданд ва дар гармхонаҳое, ки бо парвариши сабзавот машғул буд, аксар шаҳрвандони ҳамин кишвари осиёӣ кор мекарданд. Ба иттилои расмӣ, гармхонаҳо марбут ба як марди зодаи Озарбойҷон буд ва сӯхтор эҳтимолан дар паи риоя нашудани бехатарӣ зимни истифодаи васоили барқӣ рух додааст. Чуп, ки нозири минтақавӣ мебошад, дар сӯҳбат бо дипломатҳои тоҷик гуфтааст, ки кормандони гармхонаро хуб мешинохт ва аксар коргарони он шаҳрвандони Ветнам буданд ва тоҷикон дар ин ҷо кор намекарданд.

Мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи Русия қаблан ба матбуоти маҳаллӣ гуфтанд, ки эҳтимол ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 7-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, се корманди Консулгарӣ ба ҷойи ҳодиса ба ноҳияи Раменское рафтаанд ва дурустии иттилоъро дар заминаи шаҳрвандии қурбониҳо месанҷанд.

Сӯхтори мудҳиш шабонгоҳ дар иқоматгоҳи муваққатӣ рух дод, ки дар он муҳоҷирон шабро рӯз мекарданд. Сухангӯи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ба матбуот гуфтааст, “хабар дар бораи сӯхтор дар иқоматгоҳи назди ҷойи кор, ки дар ҳудуди деҳаи Нестерово ҷойгир аст, соати панҷи субҳи 7-уми январ расид. Сӯхтор дар паҳнои 240 км мураббаъ мушоҳида шудааст."

Дар ҳоле ки таҳқиқи ҳодиса ва сабабҳои сӯхтор оғоз шудааст, гуфта мешавад, шароити номуносиби зисти муҳоҷирони корӣ дар Русия ва риоя нашудани меъёрҳои бехатарӣ бисёр вақт боис ба сар задаи фоҷиа мешавад.

Дар Русия миллионҳо муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд, вале бо сабаби сангинии харҷи зист ва будубоши қонунӣ, бисёре аз онҳо барои зиндагӣ дар шароити сахттарин ва бо қимати камтар розӣ мешаванд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG