Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ боз шуд


Ҳаракат дар роҳи Душанбе - Чаноқ пас аз поккории роҳ аз тарма дубора боз шуд.

Ба гуфтаи Далери Абдулло, сухангӯи ширкати офшории IRS - Инновейтив роуд солюшнз бо дарназардошти тоза шудани роҳ аз тарма ҳатто ба ҳаракати мошинҳои сабукрав аз самти Душанбе ба шимоли кишвар иҷоза дода шуд.​

Ба гуфтаи ҷаноби Абдулло, тӯли се рӯзи ахир тамоми тармаҳои фаромада аз роҳи мошингард бартараф шуданд .

"То ҳанӯз хатари тармафароӣ дар ин минтақа мавҷуд буда, аз ронандагон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат бодиққат бошанд"--гуфт ӯ.

Рӯзи 2-юми январ дар чанд қитъаи ин роҳ тарма фаромад ва ҳаракат дар роҳи Душанбе – Хуҷанд, ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли кишвар мепайвандад, қатъ шуда буд.

Нигоҳубини ин роҳ аз соли 2009 дар ихтиёри ширкати офшории IRS - Инновейтив роуд солюшнз аст. Бо вуҷуди сару садо ва баҳсҳо дар ҷомеа соҳиби аслии он ба сокинон маълум нест. Дар ин роҳ чанд плазаи толлингӣ – марказҳои пулчинӣ - насб шудааст, ки барои истифодаи роҳ аз мошинҳои сабукрав ва боркашон ҳаққи хидмати роҳ мегирад.

Ин роҳ бо 281 миллион доллар қарзи Чин ва аз тарафи "Корпоратсияи сохтмони роҳу пулҳои Чин" ва ё "China road" сохта шудааст. Тоҷикистон ин маблағро бо 2 дар сад баҳраи солона барои 20 сол аз Чин қарз гирифта ва дар ин муддат онро бояд пурра баргардонад.

XS
SM
MD
LG