Дар Озарбойҷон шумориши овозҳои интихоботи маҳаллӣ ҷараён дорад. Ҳизбҳои мухолифи ҳукумат ба сурати умумӣ, ин интихоботро байкот карданд. Дар Озарбойҷон 118 ҳавзаи интихоботӣ ва 5 000 пойгоҳи овоздиҳӣ вуҷуд дорад. Дар минтақаи Қарабоғи куҳӣ интихобот баргузор нашуд.
Комиссияи марказии интихоботи Озарбойҷон гуфт, дар овоздиҳии 23-юми декабр 15 156 вакили 1606 шӯрои маҳаллӣ интихоб мешаванд. Дар Озарбойҷон тахминан 10 миллион аҳолӣ ба сар мебаранд. Дар овоздиҳии дирӯза тақрибан 1 миллиону 600 ҳазор нафар иштирок карданд, ки камтар аз 33 дарсади маруми дорои ҳаққи раъйдиҳӣ мебошад. Баъзе раҳбарони мухолифин инихоботро ноодилона арзёбӣ намуда, дар он ширкат накарданд.
Президенти Озарабойҷон Илҳом Алиев сар аз соли 2003 баъд аз марги падараш Ҳайдар Алиев сари қудрат омад. Як идда раъйдиҳандагон ба бахши озарии Радиои Озодӣ шикоят кардаанд, ки дар ҷараёни овоздиҳӣ ҳолатҳои раъй додани як кас ба ҷой чанд нафар, овоз додани як нафар дар чанд ҳавази овоздиҳӣ ва ҳамчунон фишор болои журналистон ҷой доштааст. Нозирони кишварҳои ғарбӣ ҳеҷ гоҳ интихоботҳои Озарбойҷонро арзёбӣ накардаанд.