Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи беш аз 500 кг ҳероин дар Белорус


Пулиси Белорус мегӯяд, беш аз 500 килограмм маводи нашъаовари ғайриқонуниро мусодира кардааст, ки дар таърихи ин кишвар назир надорад.

Вазорати умури дохилии Белорус мегӯяд, 23-юми декабр чаҳор шаҳрванди яке аз кишварҳои Баҳри Миёназамин, аз ҷумла як зан, охири моҳи ноябр дар Минск боздошт шудаанд. Аз онҳо тахминан 550 килограмм ҳероин мусодира шудааст.

Вазорати умури дохилии Белорус навори маводи мухаддир ва муттаҳамонро намоиш дод. Ба қавли ин идора, ҳероин аз Афғонистон буда, бояд ба Иттиҳоди Аврупо интиқол меёфт.

XS
SM
MD
LG