Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Western Union ба маркази пулгузаронии Тоҷикистон пайвастааст


Мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистон хабар доданд, ки низоми "Вестерн Юнион" ба Маркази миллии протсессингии кишвар пайвастаст. Ҳудуди як моҳ пеш, ба далели фаъол шудани маркази пулгузаронӣ дар Тоҷикистон "Вестерн Юнион" ва баъзе аз низомҳои дигар интиқоли пул ба кишварро қатъ карданд. Ин севумин низоми интиқоли пул мебошад, ки ба Маркази протсессингии Бонки Миллӣ пайваст. Аммо низоми "Золотая корона", ки дар миёни муҳоҷирон аз ҳама серистифода аст, то ба ҳол ба ин низом напайвастааст. Ба гуфтаи Бонки миллӣ низоми "Вестерн Юнион" дар оғоз фаъолияташро ба воситаи "Бонки Арванд" шурӯъ намуда, дертар дар бонкҳои дигар низ фаъол мешавад.

XS
SM
MD
LG