Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон муаллифи филми “Киштии сафед” даргузашт


Дар Қирғизистон коргардони маъруф Болот Шамшиев дар синни 79-солагӣ даргузашт. Ҳунарпешаҳои маъруфи қирғиз Мурат Мамбетов ва Нарғозӣ Сиддиқалиев, ки дар филмҳои Шамшиев нақш бозӣ кардаанд, дар сӯҳбат бо бахши Қирғизии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “даргузашти устоди ҳунар барои Қирғизистон як талафоти азим аст”. Шамшиев дар таърихи 21 декабр бар асари бемории ноошное даргузашт. Авҷи маъруфияти коргардон ба солҳои 1968 то 1988 рост меояд. Дар миёни филмҳои маъруфи ӯ “Тирандозӣ дар гузаргоҳи Қараш”, “Лолаҳои Иссиқкӯл”, “Киштии сафед”, “Турнаҳои баҳорӣ”, “Чоҳи гургон” ва “Фатҳи Фудзияма” ном бурда мешаванд. Болот Шамшиев як коргардони маъруф буд ва дар солҳои фаъолияташ чандин ҷоизаи милливу байналмилалиро соҳиб шудааст. Маросими хоксупории коргардон рӯзи 24 декабр дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG