Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

91 дақиқа баъди сӯҳбати Трампу Зеленский. Имейли нав чӣ мегӯяд?


Як демократи баландпоя гуфт, ки нашри тозаи имейлҳои корӣ оид ба боздошта шудани кӯмакҳои ИМА ба Украина зарурати ба муҳокимаи нави импичмент ё радди салоҳият даъват кардани шоҳидонро пеш меорад. Рӯзи 18 декабр Маҷлиси намояндагон ба раҳбарии демократҳо бар асоси ду модда нисбати президенти ИМА Доналд Трамп нобоварӣ эълон кард ва ҳоло ин иттиҳом ба баррасии Сенат ирсол шудааст. Трамп дар он муттаҳам мешавад, ки бар ивази боздошта шудани кӯмакҳои низомӣ ба Украина талаб кардааст, ки рақиби сиёсии ӯро мавриди таҳқиқи ҷиноӣ қарор диҳанд.

Демократҳо мехоҳанд, ки шоҳидон дар муҳокимаҳои нобоварӣ ба Трамп дар Сенат ҳозир шаванд, вале ҷумҳурихоҳҳо мухолифат доранд.

Чак Шумер, демократи баландпояи узви Сенат рӯзи 22 декабр гуфт, ки имейли тоза ошкоршуда дар бораи ёриҳои низомӣ ба Киев зарурати шунидани назари шоҳидонро пеш меорад.
Имейле, ки бар асоси амри додгоҳ аз ҷониби Маркази ҳамоиши ҷамъиятӣ ва бар асоси Қонун дар бораи озодии иттилоот ба даст омадааст, нишон медиҳад, ки баъди 91 дақиқаи хатми сӯҳбати телефонии Трамп ва президенти Украина Владимир Зеленский дар таърихи 25 июл мақоми баландпояи Кохи Сафед дар умури буҷа Майкл Даффи Пентагонро раҳнамоӣ кардааст, ки ироаи кӯмакҳоро боздорад.
Шумер хостааст, ки Даффи ба унвони яке аз чор шоҳиди муҳими баҳси атрофи кӯмакҳо ва сӯҳбати телефонии Трампу Зеленский баёнот диҳад.

Моҳи гузашта зимни шаҳодат дар Конгресс сафири ИМА дар Иттиҳоди Аврупо Гордон Сондланд гуфт, ки ӯ рӯзи 18 июл аввалин шахсе буд, ки дар бораи боздошта шудани кӯмакҳои низомӣ ба Украина хабардор шуд. Ӯ гуфт, ки ҳеҷ гоҳ шарҳи сабаби боздошта шудани кӯмакҳоро фаҳмида натавонист.

Бо вуҷуди ин баҳсҳо, эҳтимоли ба ҷавобгарӣ кашида шудани Трамп ночиз аст, чунки Сенат аз ҷониби ҳизби ҷумҳурихоҳ назорат мешавад.

XS
SM
MD
LG