Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдулло Абдулло натиҷаҳои пешакии интихоботро қабул надорад


Интизор меравад Ашраф Ғанӣ барандаи даври дуюми интихоботи президентии Афғонистон эълон шавад. Ҳаво Олам Нуристонӣ, раиси Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон дар нишасти матбуотии рӯзи 22 декабр дар шаҳри Кобул эълон кард, ки то имрӯз 50,6 дарсади овозҳои раъйдиҳандагон ҳисоб шудааст. Эълони натиҷаҳои интихоботи 28 сентябр то ҳол чандин бор бо иттиҳоми марбут ба мушкилоти фаннӣ ва ҳам дасткории натиҷаҳо ба ақиб афтодааст. СММ ва ИМА натиҷаҳои муқаддамотии интихоботро истиқбол карданд. Хонум Нуристонӣ гуфт, ки бар асоси ин натиҷаҳо, рақиби аслии Ғанӣ Абдулло Абдулло дар интихобот 39,5 дарсади раъйҳоро бурдааст ва афзуд, ки ин натиҷаҳоро мешавад ба чолиш кашид. Дар ҳоле, ки сухангӯи Ғанӣ хулосаҳои комиссиюни интихоботиро истиқбол кард, сухангӯи Абдулло гуфт, ки ин натиҷаҳоро қабул надоранд.

XS
SM
MD
LG