Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Қазоқистон хост, Анатолий Шкарупа дар ҳабс бимонад


Додгоҳи Қарағанда қарори ҳабси муовини пешини вазири энержии Қазоқистон Анатолий Шкарупаро, ки дар дуздии пулҳои будҷа айбдор мешавад, бекор накард.

"Барои чӣ додгоҳ далелҳои моро ба инобат нагирифт? Бар асоси Конститутсия шахсро бо қарори додгоҳ дар ҳабс нигаҳ медоранд ва муҳлати ҳабси пешакии Шкарупа 16-уми ноябр ба поён расидааст", - изҳор дошт вакили дифои муовини пешини вазир Нурлан Бейсекеев.

Муҳлати ҳабси пешакии муовини пешини вазири энержии Қазоқистон 16-уми ноябри соли равон ба поён расида, ҳоло ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Пештар Анатолий Шкарупа, ки аллакай беш аз як сол мешавад дар ҳабс қарор дорад, бо навиштани номае ба президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфтааст, ҳуқуқи ӯ ба озодӣ барқасдона ва ғайриқонунӣ поймол мешавад. Ба гуфтаи муовини пешини вазири энержии Қазоқистон, ӯро бар асоси далелҳои бофта дар дуздии 215 миллион танга айбдор мекунанд.

Анатолий Шкарупа нимаи дувуми моҳи ноябри соли 2018 боздошт шуда буд. Шкарупа ибтидои моҳи октябри соли гузашта ба ин мақом таъйин шуда буд. То ин дам ӯ ду сол раиси шаҳри Сарани вилояти Қарағанда буд. Шкарупа ба он айбдор мешавад, ки ҳангоми раиси шаҳр буданаш 215 миллион танга (беш аз 580 ҳазор доллар)-ро аз худ кардааст.

Додситони кулли Қазоқистон Кайрат Кожамжаров ду ҳафта пеш аз боздошти ӯ дар Шӯрои амнияти кишвараш ба Нурсултон Назарбоев гуфт, ки ҳангоми раҳбарии Шкарупа дар Саран дар хонаҳои сокинон ҳисобкунакҳои низоми гармидиҳӣ насб карда шудааст. Вале дар ин шаҳр шабакаи гармидиҳӣ аслан вуҷуд надорад.

XS
SM
MD
LG