Консули Қирғизистон Қодирбек Мирзобоев гуфт, 14 шаҳрванди кишвараш, ки дар шаҳри Хабаровски Русия кор мекарданд, ба ватан ихроҷ мешаванд.
Ба гуфтаи ӯ, дар додгоҳ исбот шуд, ки онҳо қоидаҳои будубошро нақз кардаанд ва додрас низ қарор карда, ки муҳоҷирон ихроҷ шаванд. Дар миёни онҳо афроде низ ҳастанд, ки аз сӯи маъмурони ОМОН-и Русия шадидан латтукӯб шуда буданд.
Мирзобоев гуфт, 14 нафар шикоят кардаанд, ки аз сӯи ОМОН латтукӯб шудаанд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ онро баррасӣ доранд.
Ба гуфтаи муҳоҷирон, 12 декабр кормандони ОМОН ҳудуди 80 шаҳрванди Қирғизистонро боздошт ва давоми чанд соат латту кӯб карданд. Ин шаҳрвандон асосан ба ҳайси ронанда кор мекарданд.
Самарбек Осмон уулу, як тан аз латукӯбшудаҳо гуфт, ки кормандони ОМОН соати 10 шом ба таваққуфгоҳи автобусҳо омаданд.
"Ҳамаи ронандаҳоро боздошт карданд. Моро заданд ва ҳуҷҷатҳоро гирифтанд. То субҳ заданд. Ба далели надоштани шиноснома маро дар бемористон қабул накарданд. Ҳоло бо қабурғаи шикаста дар хона бистариам. Ба мо ҳатто имкон надоданд, ки пурсем - чаро моро мезананд. Даҳ нафар - даҳ нафар ба як ҳуҷра дохил карданду се корманди ОМОН бо "дубинка" заданд. Ҳамаашон ниқоб доштанд",-гуфт ин муҳоҷири қирғизистонӣ.