Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА барои кишварҳои Осиёи Марказӣ стратегияи нав эълон мекунад


Дафтари президенти ИМА Доналд Трамп тасмим дорад, стратегияи нави Амрикоро дар мавриди Осиёи Марказӣ эълон кунад.

Осиёи Марказӣ минтақаест, ки Чин ва Русия дар он нуфуз доранд.

Таҳияи стратегияи нави Амрико барои панҷ кишвари Осиёи Марказиро як мақоми аршади Вазорати хориҷии ИМА, ки номаш зикр нашудааст, иброз кардааст.

Ин мақом рӯзи 13-уми декабр гуфтааст, ИМА робитаи дипломатии дуҷонибааш бо панҷ кишвари Осиёи Марказиро имсол қавитар мекунад.

Ин ҳарф пас сафари вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ ба ИМА садо додааст. Ин мақомдори Қазоқистон дар Амрико қарор дорад.

Як ҳайати Амрикоӣ дар моҳи июл бори аввал дар чор соли ахир ба Қазоқистон сафар карда буданд ва моҳи ноябр вазорати хориҷаи Амрико мизбони вазири хориҷии Туркманистон низ буд.

Вазорати хориҷиии Амрико дар баҳори соли оянда дар нишасти солона аз мақомҳои Узбекистон ва Тоҷикистон мизбонӣ хоҳад кард.

Афзоиши робитаи дипломатии Амрико бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоле аст, ки нуфузи иқтисодӣ ва сиёсии Чин дар ин минтақа густариш меёбад.

XS
SM
MD
LG