Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юрий Лужков, собиқ шаҳрдори Маскав даргузашт


Собиқ мири шаҳри Маскав Юрий Лужков имрӯз дар синни 83-солагӣ даргузашт. Манбаи Интерфакс гуфтааст, ки Лужков дар ҳалқаи азизонаш “дар Аврупо даргузашт”.

Телевизиони РЕН ТВ гуфт, ки Лужков дар як беморхонаи шаҳри Мюнхени Олмон буд ва ба ҳангоми амалиёти ҷарроҳии дил даргузашт.

Хабари даргузашти Лужковро шаҳрдори Маскав Сергей Собянин ҳам тасдиқ кард. Собянин дар саҳифааш дар "Твиттер" навишт, ки "як инсони пурэнержӣ ва зиндадил, ки Маскавро дар як марҳилаи бисёр сангини баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ раҳбарӣ кардааст ва барои Маскаву сокинонаш заҳмати зиёд кашидааст, даргузашт. Ба наздиконаш тасаллият баён мекунам". Сафорати Русия дар Берлин ҳам ба матбуоти русӣ тасдиқ кардааст, ки Лужков дар як беморхонаи Мюнхен даргузашт.

Лужков солҳои 1992 то 2010 мири шаҳри Маскав - пойтахти Русия буд. Соли 2010 ӯ бо як қарори президент Дмитрий Медведев аз мақомаш барканор шуд. Дар қарор гуфта шуд, ки Лужков "бо сабаби аз даст додани боварӣ" барканор мешавад.

Бо вуҷуди иттиҳомоти зиёд дар заминаи олуда ба фасоду коррупсия буданаш, Лужков дар миёни сокинони Маскав хеле маъруф буд.

Вале баъди барканор шуданаш ӯ аз мазҳари ом дур шуд ва соли 2016 президенти Русия Владимир Путин ӯро бо нишони давлатии "барои хидмат ба ватан" қадрдонӣ кард.

XS
SM
MD
LG