Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санна Марин сарвазири ҷавонтарин дар ҷаҳон хоҳад шуд


Санна Марин
Санна Марин

Санна Марини 34-сола аз Финландия сарвазири ҷавонтарин дар ҷаҳон хоҳад шуд. Номзадии ӯро ҳизби пештози эътилофи раҳбарикунандаи сотсиал-демократи Финландия тасдиқ кардааст.

Ин зани ҷавон ҳамчунин раҳбари ҷавонтарини ҳукумат дар таърихи Финландия хоҳад буд. Қаблан Марин дар мақоми вазири нақлиёти Финландия кор кардааст.

Ӯ аз Алексей Гончарук, сарвазири Украина ва раҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чин Ун ҳам ҷавонтар аст.

Ҳафтаи гузашта Антти Ринне бо сабаби ихтилофҳо дар ҳукумати Финландия, ки дар масъалаи коршикании кормандони почта пеш омад, аз мақоми нахуствазири ин кишвар истеъфо дод.

Эътилофи чапгарои ҳокими Финландия пас аз интихоботи баҳори имсол ташкил шудааст, ки панҷ ҳизбро дар бар мегирад. Раҳбарони ҳамаи ҳизбҳо занон ҳастанд. Дар зимн раҳбари ҳизби чапгароҳо ва ҳизби марказӣ 32-сола ва аз Санна Марин хурдтар аст.

XS
SM
MD
LG