Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайдо шудани ҷасади марди 41-сола дар Кӯли ҷавонони Душанбе


Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфтанд, рӯзи 8-уми декабр аз дохили “Кӯли ҷавонон” дар Душанбе ҷасади марди 41-соларо пайдо кардаанд. Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, гуфт, ин мард 17-уми ноябр дар пайи баҳси оилавӣ аз хона баромада, “бедарак шуда буд”.

“Ҷасади ӯро рӯзи якшанбе аз об берун оварданд ва таҳқиқ идома дорад,” – афзуд ӯ. Вале ҳоли ҳозир аз марди ҳалокшуда ном бурда намешавад.

Мақомот мегӯянд, марди ҳалокшуда сокини ноҳияи Синои пойтахт буда, соҳиби ду маълумоти олӣ: тиббӣ ва ҳуқуқшиносӣ будааст. “Аз марҳум ду фарзанди ноболиғ мондааст,” -- гуфтанд мақомот.

XS
SM
MD
LG