Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳендке Ҷоизаи Нобелро гирифт, вале аз ҷанҷол чизе нагуфт


Петер Ҳендке
Петер Ҳендке

Петер Ҳендке, нависандаи австриягӣ, барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт (соли 2019) шинохта шуд. Вай рӯзи 7-уми декабр дар Академияи Нобел дар шаҳри Стокҳолм суханронӣ кард, аммо дар мавриди изҳороти ҷанҷолиаш чизе нагуфт.

Ҳендке пештар Слободан Милошевич, раиси ҷумҳури Югословияи собиқро ситоиш карда буд, ки хашми сокинони ҳавзаи Балканро барангехт. Қарор аст, ҷоизаи Нобел барои Петер Ҳендке рӯзи сешанбеи 10-уми декабр тақдим шавад.

XS
SM
MD
LG