Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду ҷавон барои марги писари 3-солаи вакили украинӣ


Саҳнаи ҳодиса дар рӯзи 1-уми декабр
Саҳнаи ҳодиса дар рӯзи 1-уми декабр

Пулиси Украина ду ҷавони 18 ва 19-соларо бо иттиҳоми даст доштан дар марги писари 3-солаи як соҳибкор ва вакили вилоятӣ дастгир кардаанд. Ба мошини Вячеслав Соболёв, ки ҳамроҳи оилааш аз ресторан берун омада ба хона мерафтанд, рӯзи 1-уми декабр тир андохтанд. Дар натиҷа тир ба писари ӯ Александр расидааст ва ӯ дар роҳ ба самти шифохона ҷон додааст.

Андрей Кришченко, сардори пулиси Киев рӯзи 2-уми декабр дар шаҳри Киев гуфт, ду ҷавони 18 ва 19-соларо дастгир кардаанд ва фарзия қатли барномарезишуда аст, ки барои он дар Украина зиндони якумрӣ таъйин кардаанд. Ба гуфтаи муфаттишон, онҳо туфангеро пайдо карданд, ки муттаҳамон ба ҷиноят истифода бурдаанд.

Ба қавли Игор Клименко, сардори пулиси Украина, дар нишасти хабарӣ дар Киев гуфт, санадҳое, ки аз муттаҳамон гирифтаанд, сохта аст ва далелҳо нишон додаанд, ки ҳарду аз шаҳри Киев нестанд. Пулис мегӯяд, ки се фарзияи эҳтимолӣ, хусумати шахсӣ, тиҷорат ва сиёсиро таҳқиқ мекунад.

XS
SM
MD
LG