Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ҳар панҷ нафар як шаҳрванди Русия омода аст дар эътироз ширкат кунад


Дар яке аз пурсишҳои гузаштаи Маркази Левада сокинони Русия гуфтаанд, ки хостори тағйирот ҳастанд
Дар яке аз пурсишҳои гузаштаи Маркази Левада сокинони Русия гуфтаанд, ки хостори тағйирот ҳастанд

Аз ҳар панҷ сокини Русия як нафарашон розӣ аст, ки дар намоишҳои эътирозӣ иштирок карда, ноқаноатмандии худро аз ҳукумат баён кунад. Маркази назарсанҷии Левада рӯзи 2 декабр натиҷаҳои пурсиши афкори умумро нашр кард ва гуфт, ки 19 дарсади пурсидашудаҳо омода ҳастанд шахсан дар эътирозҳои сиёсӣ иштирок кунанд ва 29 дарсад гуфтаанд, ки чунин имкониятро аз эҳтимол дур намедонанд. Тахминан сӣ дарсади 1610 пурсидашуда гуфтаанд, бар зидди шароитҳои иқтисодӣ эътироз мекунанд. Натиҷаҳое, ки маркази Левада нашр кардааст, монанд ба пурсишҳои қаблии ин марказ аст. Иқтисоди дучори мушкили Русия барои президент Владимир Путин ва ҳукуматаш як чолиши ҷиддӣ шудааст. Мардум тобистони соли ҷорӣ барои баёни эътироз аз вазъи вахими иқтисодӣ ба хиёбонҳо баромаданд ва Путин маҷбур шуд ба ҳукумат амр диҳад, ки роҳҳои бурунрафт аз ин вазъро ҷустуҷӯ кунад.

Моҳҳои июл ва август давраи авҷи эътирозҳо буд ва полис ҳам садҳо нафарро боздошт кард. Мавҷи ахири эътирозҳо аз он ҷо маншаъ гирифт, ки мақомоти интихоботӣ нахостанд шумори зиёди мухолифонро барои ширкат дар интихоботи шаҳрии Маскав роҳ диҳанд.

XS
SM
MD
LG