Мақомоти Бритониё гуфтанд, марде, ки рӯзи 29-уми ноябр дар ҳамлае дар Лондон ду нафарро кушт, пештар бо гуноҳи терроризм зиндонӣ шуда буд. Онҳо гуфтанд, вай нақша доштааст, дар Покистон маркази омӯзиши ҳарбии террористиро ба роҳ монад.
Мақомот рӯзи 30-юми ноябр ин мардро Усмон Хони 28-сола муаррифӣ карданд. Полис гуфт, Хон баъди он ки як мард ва як занро кушта, се тани дигарро захмӣ кард, ҳадафи тир қарор гирифт.
Ба иттилои расмӣ, ҳамлавар дар тан камарбанди ҷаълӣ ё фиребандаи тарканда дошт.
Як мақоми пулис гуфт, "ин шахсият ба мақомот маълум буд, чун дар соли 2012 бо ҷиноятҳои марбут ба терроризм маҳкум шудааст."
Ёвари комиссар Нил Басу, сардори мубориза бо терроризми идораи полиси Лондон, дар изҳороте гуфт, Усмон Хон моҳи декабри соли 2018 шартан аз зиндон раҳо шуда буд. Ба қавли ӯ, афсарони пулис маҳалли зисти Хонро кофтукоб кардаанд.