Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

14 кӯдаки қазоқ аз Ироқ ба ватанашон баргардонида шуданд


Вазорати умури хориҷии Қазоқистон эълом кард, ки 27 ноябр 14 кӯдаки қазоқро аз Ироқ ба ватан баргардонданд.

"Ин ноболиғон ҳамроҳи модаронашон, ки ба хотири иштирок дар фаъолиятҳои террористӣ аз озодӣ маҳрум карда шудаанд, дар зиндони Ироқ нигаҳдорӣ мешуданд",-омадааст дар иттилоияи вазорат.

Кӯдакони қазоқ дар доираи амалиёти "иқдоми инсондӯстона" ба ватан баргардонида шуданд. "Кӯдакон пас аз анҷоми расмиёт ва раванди тавонбахшӣ ба хешовандонашон супорида хоҳанд шуд",-гуфтанд дар вазорат.

Мақомоти Қазоқистон ибтидои соли равон гуфтанд, ки шаҳрвандони ин кишварро аз Ироқу Сурия баргардонданд. Ба иттилои Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон, то моҳи ноябри соли равон 277 шаҳрванди калонсол (57 мард ва 220 зан) ва 547 кӯдак ба ин кишвар оварда шуданд. Кумита мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ба ҷуз аз кӯдакон, ҳудуди 100 шаҳрванди дигари Қазоқистон дар Ховари Миёна ҳастанд.

XS
SM
MD
LG