Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 10 зодаи Узбекистон баъди занозанӣ дар Маскав


Дар шаҳри Маскави Русия бо иштироки узбекистониҳо занозании гуруҳӣ сурат гирифт. Пулис 15 нафар, аз ҷумла 10 зодаи Узбекистонро бо гумони иштирок дар занозанӣ боздошт кард.

Расонаҳои Русия рӯзи 24-уми ноябр хабар доданд, ки кӯчарубҳо дар кӯчаи Ефремови шаҳри Маскав занозанӣ кардаанд.

Ба навиштаи расонаҳо, шаҳрвандони Узбекистон бо шаҳрвандони Қирғизистон занозанӣ карданд.

Кӯчарӯбҳо баъди бозии футбол занозанӣ ва аз белу оҳан истифода кардаанд. Бозии футбол бо вайрон кардани қоидаҳо ба поён расид ва яке аз тимҳо эътироз кард.

Дар бораи маҷруҳон хабаре нашр нашудааст. Дар ҳоли ҳозир нисбат ба боздоштшудаҳо бо айби "майдаавбошӣ" санад тартиб додаанд.

XS
SM
MD
LG