Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Клаус Йоҳаннис дар интихоботи Руминия


Клаус Йоҳанннис ва Виорика Дансила
Клаус Йоҳанннис ва Виорика Дансила

Президенти ғарбгарои Руминия Клаус Йоҳаннис дар даври дуввуми интихобот пирӯз шуд. Натиҷаҳои пешакӣ нишон медиҳанд, ки Йоҳаннис беш аз 66 дарсади овозҳоро дар баробари сарвазири пешини чапгаро Виорика Дансила ба даст овард.

Сарвазири пешини Руминия 34 дарсади овозҳоро гирифтааст.

"Ваъда медиҳам, ки барои ҳама руминиҳо президент бошам... Имрӯз Руминияи замонавӣ, аврупоӣ ва оддӣ пирӯз шуд,” – гуфт Йоҳаннис ба ҳаводоронаш дар назди ситоди пешазинтихоботӣ дар Бухарест.

Вай афзуд: "Ман ин пирӯзиро бо шодӣ, миннатдорӣ, хоксорӣ ва бо имон дар Руминия ба даст меорам.”

Бино ба хабарҳои Комиссияи марказии интихоботӣ, рӯзи 24-уми ноябр тақрибан 50 дарсади овоздиҳандагони Руминия (18,2 миллион нафар) дар овоздиҳӣ иштирок кардаанд. Тақрибан 1 миллион муҳоҷирони Руминия низ овоз додаанд, ки иштироки рекордӣ барои диаспораи тақрибан 4 миллионнафарии Руминия буд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷузъӣ, Йоҳаннис тақрибан 94 дарсади овози интихобкунандагонро ба даст овард. Пас аз эълони натиҷаҳо, Дансила, ки дар тан либоси сиёҳ дошт гуфт, ҳамон тавр ки интизор меравад, вай аз вазифаи раҳбари Ҳизби Сотсиал-Демократ истеъфо нахоҳад дод.

Сарвазири пешини 55-сола натиҷаи интихоботро “сахттарин шикаст” барои Ҳизби Сотсиал-Демократ дар интихоботи президентӣ пас аз се даҳсолаи сарнагунии коммунизм донист.

XS
SM
MD
LG