Амрико аз шабакаҳои азими иҷтимоӣ ба мисли Фейсбук, Инстаграм ва Твиттер даъват кард, саҳифаҳои вобаста ба ҳукумати Эронро бубанданд ва то замоне, ки онҳо дастрасӣ ба Интернет дар саросари кишварро барқарор кунанд.
Брайан Кук, - намояндаи вижаи Амрико барои Эрон дар мусоҳибае бо телевизиони Блумберг гуфтааст, ки “ин як режими воқеан риёкор аст”, ки дастрасӣ ба Интернетро қатъ мекунад, вале “айни замон ҳукуматаш истифода аз ҳамаи ин шабакаҳои иҷтимоиро идома медиҳанд.” Мусоҳибаро вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 22-уми ноябр дар саҳифааш дар Твиттер нашр кард.
Брайан Кук дар ин мусоҳиба мегӯяд: “Мо ба ширкатҳое мисли Фейсбук, Инстаграм ва Твиттер муроҷиат мекунем, ки саҳифаҳои раҳбари олӣ Хоманаӣ, вазири умури хориҷӣ (Муҳаммад Ҷавод Зариф) ва раиси ҷумҳур Рӯҳониро бубанданд ва то замоне, ки он дастрасӣ ба Интернетро барои мардуми худашон барқарор накунанд.”
Баъди сар задани тазоҳуроти густурда дар Эрон ҳукумат дастрасӣ ба Интернетро дар саросари кишвар қатъ кард, ҳарчанд созмонҳои нозир гуфтанд, дар ду рӯзи гузашта дастрасӣ барқарор шудааст. Мақомот мегӯянд, дар натиҷаи тазоҳурот 5 нафар ба ҳалокат расидаанд, вале созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз ҷумла Афви Байналмилал гуфт, теъдоди қурбониён бештар аз 100 нафар будааст.