Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиёфати домодҳои Мирзиёев ба валиаҳди Дубай


Домодҳои президенти Узбекистон Ойбек Турсунов ва Отабек Умаров барои валиаҳди Дубай Ҳамдон ибни Муҳаммад ал-Мақтум зиёфати махсусе ташкил кардаанд.

Валиаҳди Дубай видеои сафари худро ба Узбекистон дар Твиттер нашр кард. Аксҳои зиёфати ӯ дар саҳифаи шахсии домоди хурдии Мирзиёев ва муовини аввали раиси Хадамоти амнияти президенти Узбекистон Отабек Умаров дар Instagram нашр шуданд.

Дар аксҳо валиаҳди Дубай, ҳамроҳони ӯ ва домодҳои президенти Узбекистон дида мешаванд.

Рӯзи 1 ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое низ нашр шуд, ки нишон медиҳад, даҳҳо бози валиаҳди Дубай дар дохили ҳавопаймои ширкати "Узбекистон ҳаво йӯлларӣ" қарор доранд. Ин видео баҳсҳои тундеро миёни корбарон ба миён овард.

Пештар расонаҳо хабар доданд, ки валиаҳди Дубай барои шикори мурғи ҳилол (дрофа) бо боз ба вилояти Навоии Узбекистон рафтааст. Узбекистон арзиши як мурғи ҳилолро, ки ба Китоби сурхи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат шомил аст, дар мавсими шикор 6 ҳазор доллар муайян кардааст.

Як манбаъ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Узбекистон гуфт, "шайхҳои араб барои шикор дар ҳудуди ин кишвар иҷозати махсус доштанд". Вале манбаъ нагуфт, ки меҳмонон ба шикори мурғи ҳилол дар Узбекистон чӣ қадар пул сарф карданд.

XS
SM
MD
LG