Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико: Эрон ҳамчунон бадтарин ҳомии терроризм дар ҷаҳон аст


Натан Сейлз (Nathan Sales)
Натан Сейлз (Nathan Sales)

Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар гузориши нави "Терроризм дар соли 2018" гуфтааст, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунон "бадтарин кишвари ҳомии терроризм дар ҷаҳон аст". Дар гузориш, ки рӯзи якуми ноябр муаррифӣ шуд, гуфта шудааст, ҳукумати Эрон ҳар сол тақрибан як миллиард долларро сарфи ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ мекунад.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико аз гуруҳҳое ба монанди “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон, “Ҳамос” ва “Ҷиҳоди исломӣ” дар Фаластин ба унвони гурӯҳҳои мавриди ҳимояти Эрон ёд кардааст. Ин гуруҳҳо дар феҳрасти террористии Вазорати умури хориҷии Амрико қарор доранд.

Натан Сейлз (Nathan Sales), ҳамоҳангкунандаи мубориза бо терроризм дар Вазорати умури хориҷии Амрико, дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, таҳдиди Эрон танҳо ба минтақаи Ховари Миёна маҳдуд намешавад, балки ҷаҳонӣ аст. Дар гузориши нави Вазорати умури хориҷа таъкид шудааст, ки кишварҳои аврупоӣ низ бо таҳдиди терроризми мавриди ҳимояти Эрон рӯ ба рӯ ҳастанд.

Дар гузориш омадааст, "дар моҳи январи соли 2018 мақомоти Олмон 10 гумонбарро ба унвони омили Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ мавриди таҳқиқ қарор доданд. Дар тобистони соли гузашта, мақомоти Белгия, Фаронса ва Олмон тарҳи Эронро барои бомбгузорӣ дар як роҳпаймоии сиёсӣ дар наздикии Париж хунсо карданд. Дар моҳи октябр як эронӣ ба ҷурми барномарезӣ барои террор дар Дания дастгир шуд ва дар моҳи декабр Албания ду мақоми эрониро ба далели тарҳи ҳамлаҳои террористӣ ихроҷ кард."

Натан Сейлз гуфт, муқобила бо ҳимояти Эрон аз терроризм, ҳамвора асоситарин барномаи кори давлати Амрико буд ва ҳаст. Вай ба се меҳвари асосии ин гузориш ишора кард ва гуфт, меҳвари аввал ба ҳамкории Амрико ва эътилофи байналмилалӣ барои шикасти гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва аз байн бурдани шабакаи молии террористҳо ихтисос дорад.

Сейлз дар посух ба пурсише дар хусуси иқдомоти Сипоҳи Посдорон дар Ироқу Лубнон гуфт, "мо медонем, ки ба далели таҳримҳои таърихии Амрико алайҳи Эрон гуруҳҳои зери ҳимояти он бо мушкилоти молӣ рӯ ба рӯ шудаанд."

Ин мақоми Вазорати умури хориҷии Амрико дар идома ба дархости раҳбари “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон аз мардум барои дарёфти кумакҳои молӣ ишора кард ва ин вазъро натиҷаи фишору иқдомоти Амрико донист.

Эрон дар солҳои ахир дар вокуниш ба гузориши солонаи Вазорати умури хориҷии Амрико ин иттиҳомҳоро рад карда ва онҳоро "беэътибор" ё "кинаварона" хондааст. Мақомоти Эрон мегӯянд, ки ҳузури нерӯҳои он дар кишварҳое ба мисли Ироқ ё Сурия “барои муқобила бо терроризм аст".

XS
SM
MD
LG