Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон як шаҳрванди Қирғизистонро озод кард, тақдири ду сокини Ворух маълум нест


Марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 1-уми ноябр Асилбек Каримов, шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистонро озод кардаанд. Масъулони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар доданд, ки Каримов ба зодгоҳаш баргаштааст ва ҳоло дар назди пайвандон қарор дорад. Ба қавли манбаъ, раҳоии Каримов баъд аз мулоқоти ниҳодҳои Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла сардорони нирӯҳои марзбонии ду кишвар имконпазир шуд. Мулоқот рӯзи 31-уми октябр сурат гирифтааст.

Дар иттилоияи расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфта шудааст, ки "дар натиҷаи музокирот Асилбек Каримов аз пардохти ҷарима барои убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон озод ва рӯзи якуми ноябр ба низомиёни Хадамоти марзбонии Қирғизистон супурда шуд."

Тафсилоти музокирот ва сабаби озодшавии Асилбек Каримов дар даст нест. Ҷониби Тоҷикистон қазияро шарҳ надодааст.

Дар ҳамин ҳол, пайвандони ду сокини ҷамоати Ворухи Исфара мегӯянд, онҳо ду ҳафта пеш аз тарафи марзбонони Қирғизистон дастгир шудаанд ва интизори мурофиаи додгоҳӣ мебошанд. Боисҷон Бобоҳасанов ва Дилшод Каримов ба убури ғайриқонунии марз муттаҳаманд.

Тарафи Қирғизистон расман дар ин бора изҳори назар накардааст. Маълум нест, масъалаи ин ду шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон дар мулоқоти мақомоти ду кишвар баррасӣ шудааст, ё не.

XS
SM
MD
LG