Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар интизори ҳукми додгоҳи Ботканд


Бодканд
Бодканд

Пайвандони ду сокини ҷамоати Ворухи Исфара, ки ду ҳафта қабл аз тарафи марзбонони Қирғизистон боздошт шудаанд, мегӯянд, ки мурофиаи додгоҳии наздикони онҳо ба зудӣ шуруъ мешавад. Мақомоти марзбонии Қирғизистон то ҳол масъаларо шарҳ надодаанд.

Мурофиаи нахустини Боисҷон Бобоҳасанов ва Дилшод Каримов дар додгоҳи Бодканд рӯзи 22-юми октябр мебоист шуруъ мешуд, вале онро ба рӯзи 1-уми ноябр гузаронданд. Нурмаҳмад Каримов, яке аз наздикони боздоштшудаҳо рӯзи 31-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи Бобоҳасанов ва Каримов дар боздоштгоҳи Бодканд хуб буда, ҳама мунтазири ҳукми додгоҳ мебошанд.

Ин ду сокини ҷамоати Ворух ба гуфтаи Аминҷон Нозиров, як корманди шуъбаи ВКД-и Тоҷикистон дар ҷамоати Ворух, шоми 14-уми октябр боздошт шуданд. Кормандони пулиси ҷамоати Ворух гуфтанд, як гуруҳи ҷустуҷӯии худро ба маҳалли боздошти онҳо "Пули офтобрӯя" фиристонданд, вале натиҷа надодааст.

Танҳо дертар наздикони боздоштшудаҳо огоҳӣ ёфтаанд, ки марзбонони қирғиз ҳардуро бо милтиқҳои шикориашон бурдаанд ва дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Бодканд нигоҳдорӣ мешаванд. Мақомоти Қирғизистон то ҳанӯз аз боздошт шудани ду шаҳрванди Тоҷикистон хабар надодаанд.

Мақомоти марзбонии Қирғизистон ба суоли мо дар иртибот ба сарнавишти ду сокини Ворух посух надоданд ва гуфтанд, ки танҳо ба дархости хаттӣ ҷавоб хоҳанд дод. Аз муроҷиати хаттии Радиои Озодӣ ба КДАМ-и Қирғизисттон се рӯз гузашт ва то ин лаҳза ҳеч гуна посух нарасидааст. Дар суҳбати телефонӣ намояндаи КДАМ-и Қирғизистон рӯзи 30-юми октябр гуфт, дархост дар ҳоли баррасист, вале як рӯз баъдаш дар тамоси такрории телефонӣ шахси масъул гуфт, ҳанӯз аз Радиои Озодӣ номае дарёфт накардаанд.

Наздикони ду шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон мегӯянд, Бобоҳасанов ва Каримов дар чарогоҳи мутааллиқ ба қаламрави Тоҷикистон, бо номи "Пули Офтобрӯя", боздошт шудаанд. Ба хешовандони ин ду нафар гуфтаанд, ки боздоштшудагон ба убури ғайриқонунии марз муттаҳам мешаванд.

Боздошти ин ду шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯи марзбонони Қирғизистон дар ҳоле рух медиҳад, ки як чӯпони дигари тоҷик низ иддао дорад, ки аз дасти марзбонони қирғиз фирор кардааст.

Комрон Тешазода, чӯпони маҳаллаи "Тоҷикон"-и Ворух рӯзи 29-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, вақте, гӯсфандҳо ва бузҳоро дар чарогоҳ мечаронид, сарҳадбонҳои қирғиз ба вай наздик шуданд ва ӯ худро аз ҷарӣ поён афканда, фирор кард.

"Дар гӯшам гӯшиҳо буд, мусиқӣ гӯш мекардаму аз паси рама будам. Нохост чашмам ба сарҳадбонони қирғиз афтод, ки ба тарафи ман меомаданд, давида, худамро аз баландӣ партофта гурехтам. Онҳо гусфандҳоро пеш-пеш карда карда бурданд. Ман ба назди сарҳадбонони худамон омада, нақл кардам, онҳо телефонӣ вазъиятро бо марзбонони қирғиз шарҳ доданд, баъд дидам, ки рамаи маро ба ин тараф сар доданд,"-гуфт Комрон Тешазода.

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, мавзее, ки ӯ гусфандҳояшро мечаронд, мавзеи маҳаллаи "Тоҷикон" аст ва тайи чанд сол аст, ки дар ҳаминҷо рамааш мегардад.

Мақомоти марзбонии Қирғизистон ба суолҳои мо дар бораи ин руйдод бо чӯпони тоҷик посух надоданд.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар сари чанд вақт шоҳиди муноқишаҳое мешавад, ки гоҳо ба хунрезӣ мекашонанд. Қисме аз марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст. Аксари баҳсҳои марзӣ, ба гуфтаи коршиносон, аз номушаххасӣ дар марз рух медиҳад, зеро ин ҷо минтақаҳое мавҷуд аст, ки яке аз тарафҳо онро баҳсталаб мешуморад.

Як моҳи охир талоши ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои ором нигоҳ доштани марз натиҷаҳои мусбат медиҳад. Интизор меравад, рӯзҳои наздик ҳайатҳои муштарак ба омӯзиши вазъ ва омодагӣ ба таъйини хатти сарҳад ба минтақа сафар кунанд.

Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр дарозӣ дорад, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG