Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати амрикоӣ дар Узбекистон чоҳи нафт кашф кард


Ширкати амрикоии Epsilon Development Company дар ҷануби Узбекистон чоҳе нафте кашф кард, ки 10 миллион тонна нафт ва 7 миллиард метри мукааб газ дорад. Дар ин бора расонаҳо хабар медиҳанд. Чоҳи нафт дар вилояти Қашқадарёи Узбекистон ҷойгир аст.

Моҳи марти соли ҷорӣ ширкати Epsilon Development Company ва ширкати ҳонконгии Epsilon Asia Limited барои фаъолият дар бахши ковиши нафту газ дар Узбекистон муттаҳид шуданд. Мақомоти Узбекистон гуфтанд, ҳаҷми сармоягузории ду ширкат дар соҳаи нафту гази Узбекистон ба 5,2 млрд доллар мерасад.

Хабар дода мешавад, ки дар марҳилаи ибтидоӣ тамоми нафту гази истихроҷшуда дар бозори дохилии Узбекистон фурӯхта мешавад. Сар аз моҳи марти соли ҷорӣ ширкатҳои мазкур дар чанд минтақаи дигари Узбекистон низ ба кофтани нафт машғул ҳастанд.

XS
SM
MD
LG