Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Булғористон бо гумони ҷосусӣ як корманди сафорати Русияро ихроҷ мекунад


Вазири хориҷаи Булғористон ба як дипломати русе, ки дар ҷосусӣ муттаҳам шудааст, 24 соат фурсат дод, ки кишварро тарк кунад. Тасмими мақомот дар шаҳри София, пойтахти Булғористон баъди он гирифта шуд, ки Русия дархости бозхонди дипломатро то 28 октябр иҷро накард. Вазорат аввал эълон кард, ки яке аз нӯҳ котиби аввали сафорати Русия дар София рӯзи 28 октябр Булғористонро тарк кардааст.

Сафорати Русия рӯзи 30 октябр тасдиқ кард, ки дар як номаи расмӣ як шаҳрванди Русияро ҳамчун ҷосус “шахси номатлуб” (персона нон грата) номида, талаб кардааст, ки дар 24 соат хоки Булғористонро тарк кунад. Сафорати Русия гуфт, ки кормандаш ба ин талабот итоат хоҳад кард. Дар Маскав муовини вазири хориҷаи Русия Александр Грушко гуфт, ки Русия ба ихроҷи корманди сафораташ дар Булғористон посух хоҳад дод. На вазорати хориҷаи Булғористону додситонии кулли ин кишвар дар София ва на сафорати Русия исми нафари гумонбар дар ҷосусиро фош намекунад.

Ҷараёни пешаздодгоҳии зидди корманди сафорати Русия, ки қарор буд 28 октябр баргузор шавад, бо сабаби масунияти дипломатии гумонбар боздошта шуд. Намояндаи Русия дар он гумонбар мешавад, ки бо мақомоти баландпояи ҳукумати Булғористон, аз ҷумла нафаре, ки ба иттилооти махфӣ дар бораи Булғористон, НАТО ва Иттиҳоди Аврупо дастрасӣ дорад, гуфтугӯҳои пинҳонӣ барпо кардааст. Додситонии кулли Булғористон гуфт, ки гумонбари рус мехост иттилои бадастомадаро ба як кишвари хориҷӣ бидиҳад.

Булғористон соли 2004 узви комилҳуқуқи НАТО ва соли 2007 узви Иттиҳоди Аврупо шуд. Вебсайти булғории Mediapool менависад, ки аз соли 2001 ба ин сӯ ин аввалин бор аст, ки матбуот дар бораи ихроҷ шудани як корманди сафорати Русия дар София хабар медиҳад. Ин дар ҳолест, ки соли 2018 Булғористон аз дигар аъзои НАТО ва Иттиҳоди Аврупо пайравӣ накард, ки дар робита бо ҳамла ба ҷосуси собиқи рус дар Бритониё шуморе аз дипломатҳои русро аз хокашон берун карданд. Булғористон моҳи сентябр собиқ узви парлумон аз ҳизби сотсиалистии Булғористон Николай Малиновро барои ҷосусӣ ва пулшӯии маблағҳои ду созмони русӣ ба ҷавобгарӣ кашид. Додситонии Булғористон гуфт, ки Малинов бо созмонҳои русӣ ба хотири таъсиргузорӣ ба сиёсатҳои хориҷии Булғористон дар Ғарб ҳамкорӣ мекард.

София инчунин олигархи бонуфузи рус Константин Малофеевро шахси номатлуб номида, ӯро аз ҳақи вуруд ба хоки Булғористон дар давоми даҳ сол маҳрум кардааст. Исми ӯ дар робита бо як моҷарои ҷосусӣ дар Балкан расонаӣ шудааст. Малофеев инчунин ҳақи вуруд ба Иттиҳоди Аврупо ва ИМА-ро ҳам барои пуштибониаш аз ҷудоиталабони украинӣ аз даст додааст.

XS
SM
MD
LG