Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдумалик Саломов, табиби маъруфи қалб, аз зиндон озод шуд


Абдумалик Саломов.
Абдумалик Саломов.

Абдумалик Саломов, ҷарроҳи маъруфи қалб дар шаҳри Хуҷанд, ки ду сол қабл бо ҷурми пайравӣ аз равияи "салафия" ба 5,5 соли ҳабс маҳкум гардида буд, рӯзи 29-уми октябр дар чаҳорчӯби қонуни афв аз маҳбас озод шуд. Баҳси парвандаи ӯ яке аз қазияҳои пурсарусадо дар саҳифаҳои матбуот ба шумор мерафт.

Дар моҳи декабри соли 2017 бо ҳукми Додгоҳи Хуҷанд ин табиб ва ду шарики дигараш ба зиндони низомаш сангин маҳкум шуда буданд. Аммо Саломов исрор мекард, ки ба ягон гурӯҳи ғайриқонунӣ шомил нест ва ба ягон кори ҷиноятӣ даст назадааст.

Абдулатиф Саломов, бародари Абдумалик рӯзи 30-юми октябр аз Хуҷанд ба Радиои Озодӣ аз раҳоии бародараш хабар дод ва гуфт, "бале, бародарам озод шуд ва дар назди пайвандонаш аст. Ҳоло бояд як каме дам гирад. Мо беҳад мамнунем, ки афв шуд".

Додгоҳ он замон ӯро барои иртибот бо созмони мамнӯи "Салафия" гунаҳгор донист ва ба 5,5 соли зиндон маҳкум кард. Ҳамчунин Илҳом Ғаффоров – ҳамсинф ва Сайдулло Мирзоев – рафиқи ӯ ба 5 ва 5,5 соли зиндон маҳкум шуданд. Саломов ва шариконаш аз рӯи моддаи 307 (иловаи 3, қисми 2 )-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор эълон шуда буданд. Онҳо бо гумони ҳамнишинӣ ва иштирок дар "маҳфили палави салафиҳо", боздошт шуда буданд.

Абдумалик Саломов соли 1999 Донишгоҳи тиббии Душанбе ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм кард ва ҳамон сол дар бемористони амрози дили шаҳри Хуҷанд ба кор оғоз кардаст. Сипас дар Маскав дар бахши ординатураи ихтисоси ҷарроҳи қалб рисолаи илмии худро ҳимоят кард ва унвони номзади илми тиб ба Суғд баргашт.

Собиқаи кории ӯ дар Маркази ҷарроҳии дилу шарёни Бакулев ва госпитали Вишневскийи Маскав ба ҳайси ҷарроҳи қалб 7 солро дар бар гирифт. Ӯ соли 2015 бо даъвати мақомоти Суғд ба ватан баргашта, дар маркази навтаъсиси ҷарроҳии дилу шарён дар Хуҷанд ба кор шурӯъ кард.

XS
SM
MD
LG