Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия пойгоҳи худро дар Арманистон тақвият медиҳад


Мақомоти Русия мегӯянд, иқтидори ҷангии пойгоҳи 102-и худро дар Арманисттон ду баробар бештар хоҳанд кард. Интизор меравад, ин неру бо силоҳ ва техникаи пешрафтаи Русия муҷаҳҳаз гардад.

Ба гуфтаи хабаргузории «Интерфакс», вазъи феълии пойгоҳ ва дурнамои онро фармондеҳи пойгоҳи 102-и Русия дар Арамнистон сарҳанг ё полковник Николай Мартинюк дар гузоришаш ба вазири дифои Федератсияи Русия РФ Сергею Шойгу шарҳ дод, ки рӯзи сешанбе дар сафаре ба Арманистон пойгоҳи мазкурро бозрасӣ намуд.

Қарор аст дар Еревоне Сергей Шойгу бо ҳамтои армани худ Давид Тоноян ва мақомоти дигари Арманистон дидору гуфтугӯ дошта бошад.

Пойгоҳи Русия дар Арманистон аз соли 1995 ба ин сӯ мавҷуд аст. Дар соли 2010 тарафҳо созишномаи нав ба имзо расонданд, ки ҳузури ин пойгоҳро то соли 2044 иҷоза медиҳад.

Номи ин пойгоҳ солҳои охир ҳарчӣ бештар расонаӣ мешавад. Аввали моҳи гузашта дар ин ҷо ҷасади як сарбози рус кашф шуд, ки бо марги иҷборӣ фавтидааст. Соли 2015 дар наздикии пойгоҳ дар Гюмрӣ як оилаи арман ба шумули кудаки нимсолаи он аз тарафи сарбози русВалерий Пермяков кушта шуд. Ин сарбоз бо вуҷуди эътирозҳои густардаи мардум ба дасти мақомоти Русия дода шуд. Соли 2017 дар ин ҷо сарбози шартномавӣ Дмитрий Ялпаев кушта шуд ва қотили ӯро мақомот "ноқисулақл" эълом доштанд.

XS
SM
MD
LG