Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи азими рахнагарони интернетӣ ба расонаҳои Гурҷистон


Дар паи ҳамлаи азими рахнагарон дар Гурҷистон кори ду пойгоҳи телевизионӣ - Imedi ва Maestro ва инчунин ҳазорҳо вебсайт осеб дид. Ҳамла 28 октябр рух дод ва ба вебсайти додгоҳҳо ҳам таъсир расонид.

Мақомот дар бораи осеб дидани санадҳои зиёди хусусиву иттилоотӣ гузориш доданд. Ираклӣ Чихладзе, сухангӯи ТВ Imedi дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт, ки “шабака фалаҷ шуд”. Ӯ гуфт, ки “телевизион сигнале дарёфт намекунад ва наметавонад барнома нашр кунад. Мо инчунин компютерҳои кории худро истифода карда наметавонем. Талош дорем, ки ба зудтарин фурсат барномаҳои пахши худро барқарор кунем”. Maestro TV гуфт, ки сервери онҳо мавриди ҳамлаи рахнагарон қарор гирифт.

“Пахши барномаҳо боздошта шудааст. Бахши фанновариҳои иттилоотии телевизион барои азсаргирии пахши барномаҳо талош дорад”, гуфт ин телевизион.

Вазорати умури дохилии Гурҷистон гуфт, ки таҳқиқи ҳодисаи ҳамлаи рахнагарон ба вебсайтҳои кишварро шурӯъ намуд. BBC хабар дод, ки дар бисёр ҳолатҳо компютерҳои рахнашуда сурати президенти собиқ Михаил Саакашвилиро намоиш медиҳад, ки зераш навишта шудааст: “Ман бармегардам”. Бар асоси иттилои ин шабакаи хабарӣ, дар саросари Гурҷистон беш аз 2 ҳазор вебсайт, аз ҷумла пойгоҳҳои созмонҳои ҷамъиятӣ ва ширкатҳои хусусӣ мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG