Муҳлати дар боздоштгоҳ мондани Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон, то ду моҳи дигар дароз карда шудааст. Дар ин бора рӯзи 25-уми октябр ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ вакили мудофеи ӯ Сергей Слесарев хабар дод.
Тасмими додгоҳ баъд аз он эълон шуд, ки Отамбоев иштирок дар муҳокимаи парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани «дузди қонунӣ» Азиз Батукаевро рад кард.
Отамбоеви 63-сола, яке аз муттаҳидони пешини раиси ҷумҳури кунунии Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков, моҳи августи имсол баъд аз даргирии миёни нирӯҳои давлатӣ ва тарафдоронаш, ки бо марги як афсари амният анҷом ёфт, дастгир шуд.
Вакили мудофеъ Сергей Слесарев мегӯяд, президенти пешини Қирғизистон то 26-уми декабр дар боздоштгоҳ хоҳад монд ва тасмимаш иваз нашудааст. «Вай намехоҳад, ки бо додгоҳ ҳамкорӣ кунад», -- гуфтааст Слесарев ба хабаргузории Фаронса.
Президенти пешини Қирғизистон ба фишор ба вакилони порлумон, додрасҳо, фаъолони маданиву расонаҳо, ғайриқонунӣ озод кардани "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев, ғайриқонунӣ соҳиб шудани қитъаи замин дар деҳаи Кой-Тош ва фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек муттаҳам аст. Худи ӯ ҳамаи иттиҳомотро рад кардааст.
Алмосбек Отамбоев дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти Қирғизистон қарор дошта, ба ӯ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.