Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико номзадҳои интихоботи президентии Афғонистонро ба сабурӣ даъват кард


Як мақоми расмии Амрико номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Афғонистонро ба сабурӣ даъват кард ва гуфт, мунтазири натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бошанд. Айни замон шумориши раъйи мардум аз интихоботи президентии рӯзи 28-уми сентябр идома дорад, агарчӣ бояд ҳафтаи гузашта онҳоро нашр мекунанд.

Элис Веллс, дастёри вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ баъди сафараш ба Кобул рӯзи 24-уми октябр гуфт, ҳамаи номзадҳои асосӣ қавл додаанд, ки натиҷаҳои интихоботро мепазиранд.

Элис Веллс баъди бозгашт ба Вашингтон ба хабарнигорон гуфт, "ман ба зарурати шумориши шаффофу мӯътабари оро ва имкони мақомоти интихоботии Афғонистон таъкид кардам, ки бе фишор ва дахолат ҷараёни шумурдани овозҳоро пеш баранд.

Ӯ афзуд: “Дар ин марҳила дурустӣ назар ба суръат бисёр муҳим аст ва ҳамаи номзадҳоро ташвиқ кардам, ки сабурӣ нишон дода ва мунтазири эълони натиҷаҳои расмии интихобот бошанд.”

Қарор буд, натиҷаҳои пешакии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бояд рӯзи 19-уми октябр эълон шавад, вале Комиссияи мустақили интихобот онро ба таъхир андохт.

Раиси комиссия Ҳаво Алам Нуристонӣ, дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, таъхир дар эълон барои шаффофият дар шумориши оро ва барқарор кардани эътимоди мардум ба он зарур буд. Ӯ афзуд, ба сабаби баъзе мушкилоти фаннӣ ва таъмини шаффофият онҳо натавонистаанд, натиҷаҳои пешакиро саривақт эълон кунанд.

XS
SM
MD
LG