Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Порис намоишгоҳи асарҳои Леонардо да Винчӣ оғоз шуд


Дар осорхонаи Луври шаҳри Порис 24 октябр намоишгоҳи расмҳои Леонардо да Винчӣ оғоз шуд. Ба ин намоишгоҳ беш аз 10 сол омодагӣ диданд ва он ба 500-умин солгарди даргузашти рассом бахшида шуда, чор моҳ идома мекунад.

Дар намоишгоҳ беш аз 160 асари да Винчӣ ҷамъоварӣ шудааст. Дар он ҳамчунин нақшаҳо ва натиҷаи таҳқиқҳои тасвирҳояшро низ пешкаши иштирокдорон кардаанд.

Леонардо да Винчӣ соли 1452 дар Тоскана ба дунё омадааст. Ӯ рассом, муҷассамасоз, меъмор, риёзидон, муҳандис ва ихтироъгар буд. Вай пеш аз даргузашти худ дар моҳи майи соли 1519 чанд солро бо даъвати шоҳ Франсис 1 дар Фаронса гузарондааст. Ин чиз ахиран баҳсеро миёни Фаронса ва Итолиё ба миён оварда буд.

Баргузории намоишгоҳ дар Лувр соли гузашта зери суол қарор гирифта буд. Ҳизби ҳокими "Лига"-и Итолиё зидди додани чандин асари Леонардо да Винчӣ ба Фаронса баромада, гуфт, кишвараш бо додани асарҳои мазкур "дар ҳошияи як рӯйдоди бузурги сиёсӣ хоҳад монд".

Анҷумани Italia Nostra талош кард, ки интиқоли расми машҳури да Винчӣ "Инсони витрувӣ" аз нигористони Венетсия манъ шавад. Ба гуфтаи анҷуман, расми мазкур ҳамеша бояд дар шароити махсус нигаҳдорӣ шавад ва ҳангоми интиқол мумкин аст, осеб бинад. Вале ҳафтаи гузашта додгоҳе дар Итолиё қарор кард, ки расм дар намоишгоҳи Порис ба намоиш гузошта шавад.

XS
SM
MD
LG