Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Бритониё гуфт, ҳамаи 39 ҷасад марбут ба шаҳрвандони Чин мебошад


Ҷасади даҳҳо нафар дар дохили ин мошин ошкор шуд
Ҷасади даҳҳо нафар дар дохили ин мошин ошкор шуд

Полиси Бритониё гуфт, ки 39 ҷасаде, ки дар дохили як мошини борбар дар қисмати ҷанубушарқи Инглистон ошкор шуд, марбут ба шаҳрвандони Чин мебошад. Рӯзи 24 октябр, як рӯз баъди ошкор шудани ҷасадҳо дар 32-километрии канораҳои Лондон дар изҳороти расмии полис гуфта шуд, ки дар миёни ҷасадҳо 31 мард ва 8 зан мебошанд. Дар миёни ин ҷасадҳо ҳама калонсол буда танҳо як нафари мурда ноболиғ мебошад.

Дар ҳамин ҳол полис ба пурсуҷӯи ронандаи мошин идома медиҳад, ки аз ӯ ҳамчун Мо Робинсони 25-сола аз Ирландияи Шимолӣ ёд мешавад. Ин мард бо гумони куштор боздошт шудааст.

Полис чанд манзилро дар Ирландияи Шимолӣ ҷустуҷӯ кард, то ки соату роҳи пеш аз марги қурбониҳоро мушаххас кунад. Полис гуфт, ки дар оғоз гумон мерафт, ки ин мошин аз Булғористон омадааст, вале баъдан маълум шуд, ки аз шаҳри Зебрюгге (Белгия) ба Бритониё ворид шудааст. Бар асоси ин маълумот додситонии Белгия ҳам парвандаи ҷиноӣ боз карда таҳқиқи худро ба роҳ мондааст. Маълум нест, ки кай ва дар чӣ шароит ҷасадҳо ба дохили мошини борбар ҷой карда шуданд.

XS
SM
MD
LG