Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Human Rights Watch озодии эътирозгарони озариро талаб кард


19 октябр, Боку
19 октябр, Боку

Human Rights Watch аз мақомоти Озарбойҷон хост, ҳамаи эътирозгарон, ки дар паи ба таври хушунатомез пароканда шудани ду эътирози сулҳомези рӯзҳои истироҳати ахир дар Боку дастгир шуданд, озод шаванд. Созмони ҳомии ҳуқуқ бо пахши изҳороте рӯзи 22 октябр тақозо кард, ки ҳамаи иттиҳомоти марбут ба бадрафтории сохторҳои ҳифзи тартибот таҳқиқ шаванд. Дар ҷараёни ду эътирози ғайрирасмии рӯзҳои 19-20 октябр дар Боку, полис даҳҳо эътирозгар – фаъолони маданиро муҳосира ва латукӯб карда, аз роҳи зӯр ба дохили мошину автобусҳои полис ҷой карданд. Созмони Human Rights Watch, ки дар Ню-Йорк воқеъ аст, дар нақли қавл аз мухолифони боздоштшуда навишт, ки ҳамаи онҳо дар дохили идораи полис шадидан латукӯб шуданд. Гиорги Гогия, раиси барномаҳои Аврупо ва Осиёи Марказии ин созмон гуфт, ки “бори дигар ҳукумати Озарбойҷон беэътиноии худро ба ҳақи мардум барои барпо кардани эътирозҳои сулҳомез намоиш дод”.

Дар эътирози рӯзи 19 октябр тахминан 220 нафар иштирок карданд ва полис тахминан 60 нафари онҳоро боздошт намуд. 42 нафари онҳо баъди “ҳушдор”-и расмӣ озод ва парвандаи 18 тани дигар барои баррасии додгоҳҳои маъмурӣ ирсол шуд. Дар остонаи ин эътирозҳо мақомот инчунин дасти кам 10 узви баландпояи мухолифонро боздошт кард. Рӯзи 20 октябр полис инчунин тахминан 50-60 нафар, аксаран занонро, ки зидди хушунати хонаводагӣ эътироз карданд, пароканда намуд. Чанд эътирозгар мисле рӯзе пеш аввал муҳосира ва баъдан ба дохили автобус нишонда шуданд. Чанде баъд онҳо озод карда шуданд.

XS
SM
MD
LG