Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байни Ашт ва Қуқанд автобус ба гардиш даромад


Рӯзи 19 октябр байни шаҳри Қуқанди Узбекистон ва шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашти Тоҷикистон равуои автобус ба роҳ монда шуд. Дар ин бора хабаргузориҳои Узбекистон бо такя ба вазорати нақлиёти он кишвар иттилоъ доданд.

Ин масир 84,5 километр тӯл дошта, автобусҳои навъи Isuzu ва микроавтобусҳо дар он мусофиркашонӣ мекунанд. Арзиши билети масири мазкур 2,5 доллар ё наздики 25 сомонӣ аст.

Пештар аз ин миёни Тоҷикистону Узбекистон равуои чанд автобус ба роҳ монда шуда буд. "Хуҷанд-Тошканд", "Хуҷанд-Фарғона", "Душанбе-Термиз", "Душанбе-Деҳнав", "Душанбе-Самарқанд" аз ҷумлаи онҳо буданд.

XS
SM
MD
LG