Дар ИМА дар парвандаи ба истилоҳ, "украинӣ" хабарчини дувум пайдо шуд. Ба иттилои хабаргузории "Reuters", ӯ маълумот дар бораи тамосҳои президенти ИМА Доналд Трамп бо Украинаро бевосита дарёфт мекардааст.
Хабарчини дувум бо кормандони хадамоти назорати дохилӣ дар ҷомеаи иктишофии Амрико тамос гирифтааст. Дар ин бора вакили дифои хабарчин Марк Заид иттилоъ дод.
Заид дар суҳбат бо Эй-би-сӣ тасдиқ кард, ки хабарчини дувумро нозири кул бозпурсӣ кардааст. Заид хабарчини якумро намояндагӣ мекард, ки ҷузъиёти суҳбати телефонии Трамп бо ҳамтои украиниаш Владимир Зеленскийро ба ниҳодҳои дахлдори ИМА ироа кард. Хабарчини якум гуфт, 25 июл Трамп аз Зеленский хост, зидди рақиби эҳтимолияш дар интихоботи президентии Амрико дар соли 2020 Ҷо Байден дар Украина тафтишотро оғоз кунанд.
Трамп ҳамчунин рӯзи ҷумъа аз мақомоти Чин низ хост, фаъолияти Байденро тафтиш кунанд. Дар робита ба ин амалкарди Трамп миёни ҷумҳурихоҳон ихтилофи назар ба миён омадааст. Сенаторҳои ҷумҳурихоҳ Митт Ромни, Бен Сасс ва Сюзан Коллинз сахт ибрози нигаронӣ карданд, ки Трамп барои интихоби дуборааш ба мақоми президентӣ аз кишварҳои хориҷӣ кумак мехоҳад.