Ихтиёр Абдуллоев, раиси пешини Хадамоти давлатии амнияти Узбекистон бо айби ташкили ҷамъияти ҷиноӣ 18 сол зиндонӣ шуд.
Додгоҳи низомии Узбекистон ҳукми Абдуллоев ва ҳаммаслаконашро рӯзи 27-уми сентябр эълом кард.
Аз маркази матбуотии додгоҳ хабар доданд, ки Ихтиёр Абдуллоев дар ташкили ҷамъияти ҷиноӣ, порагирӣ, хилофи манофеи Узбекистон амал кардан, тамаъҷӯӣ, дуздии амволи ғайр, вайрон кардани қонунгузории соҳаи гумрук ва сӯистифода аз мансаб айбдор шуд.
Додгоҳ ҳамчунин Ҷаҳонгир Игамов, муовини пешини раиси Хадамоти давлатии амниятро (ХДА) 16 сол, мушовири пешини раиси (ХДА) Алишер Ишанхоҷаевро 17 сол, муовини пешини додситонии шаҳри Тошканд Ёркин Абдуллоевро 14 сол ва афроди дигари шомили ҷамъияти Ихтиёр Абдуллоевро ба солҳои гуногуни зиндон ҳукм кард.
Ихтиёр Абдуллоев соли 2018 раиси Хадамоти давлатии амнияти Узбекистон таъйин шуд. Вай то он замон додситони кулли Узбекистон буд. Пештар сенатор ё вакили палатаи болоии порлумони Узбекистон буд.
Абдуллоев моҳи феврали соли ҷорӣ аз мақоми раисии Хадамоти давлатии амнияти миллӣ барканор шуд.