Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: Демократҳо мехоҳанд, ҳама ихтиёрро дар даст гиранд


Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – аз таҳқиқ дар мавриди изҳори нобоварӣ ё импичменти ӯ ба сабаби гуфтугӯи телефониаш бо Владимир Зеленский, президенти Украина, шадидан интиқод кард ва онро "бузургтарин дасиса дар таърихи сиёсии Иёлоти Муттаҳида" хонд.

Қаблан аъзои демократи Маҷлиси Намояндагони Амрико иддао карданд, ки Трамп моҳи июли имсол ба Зеленский гуфтааст, фаъолиятҳои иқтисодии Ҷо Байден, рақиби эҳтимоли Трамп дар интихоботи соли 2020 ва писарашро таҳқиқ кунад. Ба иттилои демократҳо, Трамп гуфтааст, танҳо дар он сурат кумакҳои низомӣ ба Киевро афзоиш хоҳад дод.

Раиси ҷумҳур Трамп дар як паёми видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтааст, "демократҳо мехоҳанд ҳамаи ихтиёрро ба даст гиранд".

Аъзои демократ дар Маҷлиси Намояндагони Амрико ҳафтаи гузашта талошҳоро барои таҳқиқ дар мавриди импичменти Доналд Трамп оғоз карданд.

Доналд Трамп мегӯяд, "демократҳо мехоҳанд, аслиҳа ва озодии мардуми Амрикоро бигиранд", аммо чунин иқдомҳо, ба гуфтаи ӯ, "ҳеч гоҳ имконпазир нахоҳад буд".

Бино ба Қонуни асосии Амрико, президенти ин кишвар барои хиёнат, порагирӣ ё ҷиноятҳои дигари вазнин метавонад аз мақомаш маҳрум шавад.

Ду президенти пешини Амрико Эндрю Ҷонсон дар соли 1868 ва Билл Клинтон дар соли 1998 бо изҳори нобоварӣ рӯ ба рӯ шуда буданд, вале Сенат онҳоро "орӣ аз хато" эълон кард. Соли 1974 президент Ричард Никсон дар пайи таҳдиди импичмент аз мақомаш истеъфо дод.

XS
SM
MD
LG