Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарафдорони шамани ёқут баъди таҳдидҳо раҳпаймоии эътирозиро хотима доданд


Шаман Габишев (аз рост дуюм)
Шаман Габишев (аз рост дуюм)

Тарафдорони рӯҳонӣ ё шамани ёқут, ки бо шиори “Путинро аз Кремлин берун мекунем” замони раҳпаймоии чандмоҳаашон аз Сибир ба Маскав боздошт шуда буданд, гуфтанд, ки баъди таҳдидҳои Хадамоти амнияти федеролӣ эътирози худро хотима медиҳанд.

Виктор Егоров, яке аз тарафдорони шаман Александр Габишев рӯзи 25 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди тақрибан як ҳафтаи боздошт шудани шаман тарафдоронаш ба хулосае омаданд, ки раҳпаймоиро қатъ мекунанд.

Габишев 19 сентябр боздошт шуд. Ӯ давоми чанд моҳ аз Сибир ба самти Маскав ҳаракат карда гуфтааст, ки барои расидан то Маскав ду сол сипарӣ мешавад. Ӯ гуфт, ки президенти Русия “сохтаи қувваҳои сиёҳ” аст ва танҳо шаман қодир аст, ки дар муқобили ӯ қарор бигирад.

Егоров гуфт, ки чанд мард бо либоси мулкӣ рӯзи 24 сентябр ба қароргоҳи онҳо, воқеъ дар назди шаҳри Слюдянка, воқеъ дар 5 ҳазоркилометрии шаҳри Маскав омада, чанд фаъолро ба идораи полис бурданд. Ба тарафдорони шаман гуфта шуд, ки ҳамаи онҳо бо иттиҳоми терроризм гумонбар ва дастгир хоҳанд шуд. Ба бовари Егоров ва дигар тарафдорони шаман, онҳое, ки омада буданд, кормандони ФСБ буданд. Дар идораи полис ҳам ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки чанд тарафдори шаман боздошт шуданд. Александр Огуртсов, як мақоми полиси маҳаллӣ гуфт, ки баъди бозпурсии чандсоата ҳамаи онҳо озод шуданд.

Шаман Габишев беш аз 2 ҳазор километр роҳро тай карда дар роҳ бо мардум ҳам сӯҳбатҳо анҷом додааст. Ин рӯҳонӣ тавонистааст таваҷҷӯҳи мардуми зиёдро ҷалб кунад ва суханрониҳои нашршудаи ӯ бо мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ миллионҳо тарафдор пайдо кардааст. Дар як мулоқоташ бо мардуми шаҳри Чита моҳи июли имсол Габишев бо шиори “Русия бидуни Путин” дар ҳузури тахминан 700 нафар гуфт: “Худо ба ман фармуд, ки Путин инсон нест ва як шайтон аст ва ба ман амр дод, ки ӯро биронам”.

19 сентябр даҳҳо ходимони полиси ниқобпӯш Габишевро дар ҳудуди минтақаи Бурятияи Сибир боздошт ва ба Ёқутистон интиқол доданд. Ӯро нахуст ба беморхонаи амрози рӯҳӣ ҷой ва баъдан озод карданд. Каме баъд ӯро барои даъвати оммавӣ ба экстремизм айбдор ва амр карданд, ки аз ҳудуди Ёқутистон берун наравад.

XS
SM
MD
LG