Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шароити сангини сарбозони Туркманистон дар пахтазорҳо


Сарбозони Туркманистон, ки моҳи гузашта ба пахтазорҳои вилояти Лебапи ин кишвар сафарбар шуда буданд, мегӯянд, дар як шароити хеле сангин, дар хаймаҳои сард қарор доранд ва ба онҳо ғизои муносиб ҳам намедиҳанд.

Дар ин бора волидони чандин сарбоз ба хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ доданд.

"Сарбозонро моҳи гузашта ба пахтачинӣ сафарбар карданд. Волидон мегӯянд, фарзандони онҳо дар давоми як моҳ сахт хароб шудаанд ва бархе аз онҳоро ҳатто шинохта намешавад", - иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи ӯ, сарбозон дар саҳро дар хаймаҳо шабро рӯз мекунанд. Рӯзҳои ахир ҳаво сард шуда, хаймаҳо низоми гармидиҳӣ надоранд ва сарбозон низ бо либосҳои гарм таъмин нестанд.

Волидони сарбозон мегӯянд, фарзандонашон ҳатто барои шӯстани дасту рӯй ва оббозӣ оби кофӣ надоранд. "Дасту пойҳои бархеашон захм баровардааст ва ба онҳо ёрии тиббӣ расонида намешавад. Аз сарбозон танҳо талаб карда мешавад, ки пахтаро ҷамъоварӣ кунанд. Онҳоро ба ғулом табдил додаанд", - афзуд яке аз волидон.

Дар Туркманистон дар мавсими ҷамъоварии пахта аз меҳнати иҷборӣ ба таври густарда истифода мешавад ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи байналмилалӣ Ишқободро борҳо барои он танқид кардаанд.

XS
SM
MD
LG