Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хабарчинҳо"-и Хадамоти махсуси Туркманистон дар миёни донишҷӯён


Кормандони Хадамоти махсуси Туркманистон вақтҳои ахир ҷалби хабарчинҳои худро аз миёни донишҷӯёни донишгоҳҳои ин кишвар пурзӯр кардаанд.

Ба хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ муяссар шуд, ки бо донишҷӯён ва намояндагони баъзе аз донишгоҳҳои Туркманистон дар ин бора суҳбат кунад.

"Мегӯянд, дар баробари нозирони муқаррарӣ ҳамчунин чандин нафар аз Вазорати амнияти миллӣ низ дар донишгоҳҳо кор мекунанд. Онҳо аз ҳамаи гуруҳҳо донишҷӯёнро ба ҳамкорӣ ҷалб мекунанд, то дар бораи суханони норозиёнаи ҳамсабақонашон ба вазъи кишвар хабар диҳанд", - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

"Ҳамчунин аз хабарчинҳо талаб мешавад, бифаҳманд, ки кадоме аз ҳамсабақони онҳо ба воситаи филтршикан ё худ VPN ба сомонаҳои масдуд ворид мешаванд ё паёмакрасонҳои WhatsApp ва Telegram-ро истифода мекунанд. Ба онҳо мефаҳмонанд, ки имкон пайдо карда, телефонҳои ҳамроҳи ҳамсабақонашонро тафтиш кунанд", - мегӯяд хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Як корманди Хадамоти махсуси Туркманистон ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо барои суҳбат ҷавононеро даъват мекунанд, ки бо созмонҳои диниву мазҳабӣ робита доранд.

XS
SM
MD
LG