Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабқати Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо Дастин Поре. Дар Тоҷикистон чиро интизоранд?


Навиштаҳо бо акси Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар зодгоҳаш Доғистон. 6-уми сентябри соли 2019
Навиштаҳо бо акси Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар зодгоҳаш Доғистон. 6-уми сентябри соли 2019

Ҳабиб Нурмуҳаммадов (Нурмагомедов), варзишкори маъруфи доғистонӣ, бо Дастин Поре аз Амрико дар шаҳри Абу Забии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ вориди рақобат мешавад. Бисёриҳо дар Тоҷикистон тамошои мусобиқаро интизоранд.

Чанд хонаи синамо дар Душанбе эълон карданд, ки мусобиқаро мустақим намоиш медиҳанд. Ҳамчунин масъулони нуқтаҳои букмекерӣ барои сабқати Нурмуҳаммадов ва Поре шартбандиҳои зиёде қабул кардаанд.

Идораҳои букмекерӣ пирӯзии Ҳабиб Нурмуҳаммадовро пешгӯӣ мекунанд. Вай аз 27 сабқати худ дар муҳорибаи бидуни қоида боре шикаст нахӯрдааст.

Шаби 7 ба 8-уми сентябр дар шаҳри Абу Забии Имороти Муттаҳидаи Араб мусобиқаи 242-юми созмони UFC баргузор мешавад ва дар он чанд варзишгар дар муҳорибаи бидуни қоида бо ҳам сабқат мекунанд. Аммо таваҷҷуҳи бисёриҳо дар Тоҷикистон ба сабқати асосии ин мусобиқа миёни Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Дастин Поре нигаронда шудааст.

Нурмуҳаммадов қаҳрамони мутлақи созмони UFC дар вазни сабук аст ва Поре соҳиби ҷоизаи муваққатии ин созмон мебошад.

Дар Тоҷикистон бештар аз Ҳабиб Нурмуҳаммадов тарафдорӣ мекунанд. Ҳазорҳо нафар аз пирӯзии ӯ ба Конор Макгрегор, варзишгари ирландӣ дар моҳи октябри соли гузашта ситоиш карда ва дар либоспӯшӣ аз ӯ пайравӣ намуда буданд.

Нурмуҳаммадов соли 2017 ба Тоҷикистон омадааст.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар феҳрасти маҳбубтарин варзишгарони созмони UFC дар мақоми дувум меистад. Тибқи навиштаи маҷаллаи “Forbes”, ӯ дар соли 2018 дар миёни варзишгарони Русия аз ҳама бештар даромад дошт.

XS
SM
MD
LG