Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҳуқуқи қазоқ: Қонуни ҳамоишҳои осоишта сокинонро тундгаро мекунад


Сардори Бюрои байналмилалии ҳуқуқи инсон ва риояи қонунҳои Қазоқистон Евгений Жовтис 15 август дар як ҳамоиш дар шаҳри Нурсултон гуфт, қонуни ин кишвар дар бораи тазоҳуроту ҷамъомадҳои осоишта ва таҷрибаи иҷрои он ба тундгаро шудани шаҳрвандон мусоидат мекунад.

Ба гуфтаи Жовтис, ин гуфтаҳоро натиҷаи таҳлиле исбот кард, ки онҳо тайи ним соли ахир анҷом доданд. Ӯ мегӯяд, манъи баргузории тазоҳурот сокинонро аз имкони расонидани мавқеи худ дар робита ба масъалаҳои муҳим ба мақомот маҳрум месозад. Дар натиҷа сокинон маҷбур мешаванд, ки дар муносибат бо мақомот тундтар амал кунанд.

"Ба созмони мо садҳо нафаре муроҷиат карданд, ки тайи ду-се моҳи ахир барои иштирок дар тазоҳуроту ҷамъомадҳои беиҷозат ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Бештари онҳо на танҳо созмондиҳандаи тазоҳурот, ҳатто иштирокчӣ набуданд. Онҳо роҳгузароне буданд, ки мехостанд чизеро ба навор гиранд",-афзуд ӯ. Вай изҳор дошт, ки қонунгузории Қазоқистон бар хилофи меъёрҳои байналмилалӣ аст.

Пулиси Қазоқистон аз 9 то 13 июни соли равон ҳудуди чор ҳазор одамеро боздошт кард, ки даст ба тазоҳурот зада буданд. Дар ин бора худи вазири умури дохилии он кишвар Ерлан Тургумбоев хабар дод. Ҳамоишҳои эътирозӣ дар пасманзари интихоботи пеш аз муҳлати президентии Қазоқистон оғоз шуданд. Эътирозгарон интихоботро ғайриқонунӣ номида, сокинонро ба таҳрими он даъват карданд.

XS
SM
MD
LG