Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА қоидаҳои нави кам кардани муҳоҷиратро эълон мекунад


Ҳукумати Амрико барои кам кардани муҳоҷирати қонунӣ чораи навро эълон кардааст.

Аз рӯи ин қоида ба касоне, ки шаҳрванди Иёлоти Муттаҳида нестанд ва шояд ба ёрии давлатӣ ниёз доранд, раводид ва кортҳои сабз дода намешавад.

Қонуни федералӣ аллакай аз касоне, ки шаҳрванд нестанд, талаб мекунад, шаҳрванди доимии Амрико шаванд ва мақоми ҳуқуқӣ гиранд.

Мақомот мегӯянд, бояд ин афрод исбот кунанд, ки барои Иёлоти Муттаҳида бори гарон нахоҳанд буд ва ё вобаста ба "пардохти давлатӣ", ки ҳукумат ҳаққи хизматрасонии тиббӣ, манзил, даромад ва хӯроки онҳоро медиҳад. Қарор рӯзи 12-уми август эълон шуд.

Кохи Сафед гуфт, ин амал барои ташвиқи “худкифоӣ” ва бовар кунондан ба он ки "шабакаи таъмини иҷтимоие, ки амрикоиҳои осебпазир ниёз доранд", ба хатар дучор намешавад.

Маркази ҳуқуқи миллии муҳоҷиратии Амрико, ки ҳуқуқи муҳоҷирони камдаромадро ҳимоя мекунад, ваъда додааст, барои боздоштани талошҳо ба додгоҳ муроҷиат хоҳад кард.

Интизор меравад, ин қоида 15-уми октябр ба иҷро дарояд.

XS
SM
MD
LG