Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба модари Ҷей Остин чӣ қадар ҷуброн хоҳад дод?


Ҷеа Сантовско бо писараш Ҷей Остин
Ҷеа Сантовско бо писараш Ҷей Остин

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, масъалаи талаби ҷуброн аз сӯи Ҷеа Сантоваско, модари Ҷей Остин – як сайёҳи кушташуда дар Данғара – дар баррасӣ қарор дорад. Ба гуфтаи Сироҷиддин Муҳриддин, бояд додгоҳ ҷубронпулӣ ба модари сайёҳи кушташударо муайян кунад.

Ӯ рӯзи 2-юми август дар ҷавоб ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумат ба таври истисно дархости модари сайёҳи кушташударо барои сафар ба Тоҷикистон қабул кард ва харҷи онро низ ба уҳда гирифт. Вале ба гуфтаи вазир, Ҷеа Сантоваско “бо сабаби беморӣ аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кард”.

“Дар таҷрибаи мо чунин ҳолат ҷой надорад. Бинобар ин, пешниҳод шуд, ки муайян кардани ҷубронпулӣ ба салоҳияти мақомоти судӣ вогузор шавад”, --афзуд вазири корҳои хориҷӣ.

Ҷей Остин – яке аз чаҳор сайёҳи хориҷӣ буд, ки рӯзи 29-уми июли соли 2018 дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон кушта шуд.

Модари ин сайёҳ мақомоти Тоҷикистонро барои пешгирӣ накардан аз ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ айбдор мекунад. Ӯ қаблан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, “гуноҳи онҳо ин аст, ки натавонистанд пеши роҳи ҳодисаро бигиранд.”

Дар ин ҳамла, ки масъулияташро гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ба ӯҳда гирифтааст, чаҳор нафар – Ҷей Остин ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз аз Амрико, Воке Рене Виллемм аз Ҳолланд ва Хамел Маркус аз Швейтсария кушта шуданд. Дар ин ҳодиса се сайёҳи дигари хориҷӣ захм бардоштанд.

XS
SM
MD
LG