Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заҳри ҳашароткуш чаҳордаҳ муҳоҷири тоҷикро бемор кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Чаҳордаҳ нафар аз муҳоҷирони кории тоҷик дар натиҷаи нафас гирифтани ҳавои олуда бо доруҳои маҳви ҳашарот дар як анборе дар Маскав заҳролуд шудаанд. Рӯзномаи «Московский Комсомолетс» навиштааст, рӯзи 31-уми июл гузориш дод, соҳибони яке аз анборҳое дар маҳаллаи Горки Ленинские барои маҳви ҳашарот онҷоро дору задаанд ва бехабар аз онки дар анбори ҳамсоя муҳоҷирони тоҷик кор мекунанд.

Ба навиштаи рӯзнома ҳавои олуда бо заҳри ҳашароткуш аз тариқи ҳавокашҳо ба анбор ворид шуда ва муҳоҷиронро заҳролуд кардааст. Ҳамаи онҳо баъди дилбеҳузурӣ, хориш дар гӯлу, ба бемористони Видновская дар наздики маҳалла рафтаанд.

Дар ин шифохона ба «МК» гуфтаанд, ки муҳоҷирони беморро ба се шифохона тақсим кардаанд ва 11 нафари онҳо ба истиснои се нафар, ки муолиҷа мегиранд, шифохонаҳоро тарк кардаанд. Дар Русия, ки садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик кор мекунанд, дар гузашта низ заҳролудшавии онҳо мушоҳида шудааст.

XS
SM
MD
LG